ТАФОҲУМНОМАҲОИ ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРӢ БО СОЗМОН&#120

Февраль 16, 2009 14:34

                     Душанбе, 16 феврл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии «Рилиф Интернешнл», намояндагии котиботи стратегияи байналмилалии СММ оид ба паст кардани офатҳо дар Осиёи Марказӣ ва шӯъбаи «Оперейшн Мерсӣ» тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.                    Тафоҳумномаҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани вазъи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ, амалӣ намудани барномаҳои инкишофи СММ- «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола», «Маълумот барои ҳама» ва стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ҷиҳати таҳияи консепсияҳои бехатарӣ дар мактабҳо ва паст кардани хавфи офатҳо дар соҳаи маориф нигаронида шудааст.                    Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, тафоҳумномаҳои мазкурро вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва директори созмони байнналмилалии «Рилиф Интернешнл» дар Тоҷикистон И. Рустамов, намояндагии котиботи стратегияи байналмилалии СММ оид ба паст кардани офатҳо дар Осиёи Марказӣ Г. Пулатова ва намояндаи шӯъбаи «Оперейшн Мерсӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреа Вогт ба имзо расониданд.                    Бояд зикр кард, ки созмони байналмилалии «Рилиф Интернешнл» дар давоми солҳои 2003-2008 барномаҳои гуногунро ҷиҳати истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим, амалӣ намудааст. Инчунин, барои беҳтар намудани пояи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2009 дар давраи амали татбиқи Тафоҳумномаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи сад ҳазор доллари америкоӣ дастгирӣ менамояд. Дар ин давра тибқи тафоҳунома аз ҷониби созмони мазкур 26 мактаби таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет пайваст шуда, беш аз 500 омӯзгор ба ҳайси мутахассиони пешбар аз рӯи барномаҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таълим мегиранд. Таҳия ва чопи модулҳои омӯзишӣ, дастурамал ва дигар маводи таълимӣ низ дар назар дошта шудааст.

Февраль 16, 2009 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид