ТАЙЁРӢ БА АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР

Февраль 5, 2009 11:59

                 Душанбе, 5 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 4 феврал дар Душанбе пленуми навбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он даҳ масъалаи нисбатан муҳими фаъолияти ҷамъият баррасӣ шуд. Муншии умумии ҷамъият З.Муҳаббатов дар ҳузури роҳбарони филиалу шӯъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии ҷамъият дар бораи натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2008 ҳисобот дод.                Сардори шӯъбаи молияи ҷамъият Саломатшо Қадамов роҷеъ ба иҷрои нақшаҳои молиявии соли гузашта ва лоиҳаи буҷети ҷамъият дар соли 2009 сухан ронд. Иштирокчиёни пленум инчунин, масъалаи тайёриро ба анҷумани ғайринавбатии Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар муҳокима карданд, ки тибқи нақша бояд 28 март гузаронида шавад.  

Февраль 5, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд