ТАЙЁРӢ БА РӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Февраль 16, 2009 16:26

                   Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ дар ҷумҳурӣ соли 2010 баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи омори шаҳри Душанбе хабар доданд, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои давраи тайёрӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2009 аз тарафи кумитаи мазкур назорати корҳои зерин дар назар аст:                    а)дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор номгузорӣ ва муайян намудани теъдоди кӯчаҳо, маҳаллаҳо; б) муайян намудани сарҳади шаҳр; в) аз нав бақайдгирӣ ва ба тартиб даровандани номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо; г)тафтиши саросарии дурустӣ ва пуррагии миқдори ҳақиқии мавҷудаи аҳолӣ; д) тайёр намудани маводҳои картографӣ ва нақшаҳои схематикӣ.                     Бинобар иттилои Кумитаи омор, имрӯз дар пойтахт мувофиқи маълумотҳои пешакии ба даст омада, дар 631 кӯча, тангкӯча, хиёбон, ки дар онҳо 34869 хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ қомат афрохтанд, ки дар онҳо 707470 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҳамаи ин хонаҳо мавриди бозрасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаҳои он муайян гардид, ки то ҳол дар шаҳр камбудиҳо, аз қабили дар қайд набудан, аз қайд набаромадан, набудани рақами хонаҳо, номи кӯчаҳо вуҷуд доранд. Мувофиқи нишондиҳандаҳои ҷамъбастгардида аз 34869 биноҳои бозрасишуда, дар 12007 хона камбудиҳо ошкор карда шуданд. Маълум гардид, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии дар боло қайдшуда 100774 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд ва аз ин миқдор 23926 нафар шаҳрвандон дар қайди шаҳрвандӣ нестанд ва 3891 нафарашон аз қайди шаҳрвандӣ набаромадаанд. Аз тарафи кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳр то имрӯз 16656 нафар шахсон бе қайди маҳалли зист ба қайд гирифта шуда, 3012 нафар аз қайд бароварда шуданд.

Февраль 16, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид