ТАЙЁРИ БА ИД
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Ба муносибати 16-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз аввали моҳи январ бо фармони вазири мудофиаи ҶТ як катор чорабиниҳои гуногуни фарҳангию- варзишӣ дар ҷузъу томҳои низомии вазорати мудофиа ҷараён дорад. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки нимаи дуюми моҳи январ байни сарбозони қисму воҳидҳои низомии вазорати мудофиаи кишвар озмуни беҳтарин суруди сарбоз ва ҳунарнамоии дастаҳои ҳаваскорони санъат баргузор гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ташвиқу тарғиби дастовардҳои артиши миллӣ мебошад. Баъди ҷамъбасти озмун, қисмҳои низомии беҳтарин бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқи нақша ва дар асоси амри вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев дар қисмҳои ҳарбӣ вохӯрии падару модарон, толибилмон ва донишҷӯён бо сарбозон гузаронида шуданд. Ҳадафи ин мулоқотҳо баланд бардоштани обрӯю нуфузи қувваҳои мусаллаҳ дар байни аҳолӣ аст. Ба замми ин бояд қайд намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани санаи муҳими таърихӣ, яъне таҷлили 16-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамзамон байни қисмҳои низомӣ мусобиқаи беҳтарин шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ, интизоми намунавӣ, баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ ва доштани маҳорати низомӣ низ гузаронида шуданд. Роҳбарияти вазорати мудофиа қарор додааст, ки ба муносибати 16-солагии таъсиси кувваҳои мусаллаҳ дар Кохи Борбад консерти идона намоиш дода шавад. Ҳамчунин бахшида ба ид дар Боғи ғалаба ва қабристони сарбозони номаълум маросими гулгузорӣ баргузор мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






