ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БО МАВОДИ ҒИЗОӢ
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 феврали соли ҷорӣ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии америкоӣ Resouce & Police Exchange. Inc. бо дастгирии Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёрии башардўстона, иборат аз маводи ғизоӣ расонида мешавад. Дар маъракаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) иштирок хоҳанд кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорчўбаи барномаи Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон 80 тонна маводи хўрокворӣ (наск, биринҷ, сабзавот) ба маблағи умумии 86 638 доллари ИМА ба ташкилоти хайриявии Авесто (Тоҷикистон) дастрас карда шуд. Ёрии башардўстона барои беморхонаҳои бемориҳои руҳӣ, сил, бемориҳои кўдакона, хонаи ятимон ва дигар муассисаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Маводи хўрока маҳсулоти муассисаи америкоии Breedlove Dehydrated Foods буда, таркиби он бо витаминҳо ва намакҳои минералӣ ғанӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2007 маводи хўрока ба 64 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва дар соли 2009 бошад, ба 75 муассиса дастрас карда мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






