ТАРКИШҲО ДАР КОБУЛ
Кобул, 11 феврал. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Дар қисмати шимолии пойтахти Афғонистон якбора ду амалиёти террористӣ анҷом дода шуд. Ин амалиётро террористони фидоӣ анҷом доданд. Масъулияти онҳоро силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ба зимма гирифтанд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи амалиёт 8 нафар ҳалок шудааст, шумораи маҷрӯҳшудагон то ҳол маълум нест. Мухбири радиои Афғонистон хабар дод, ки ҷасади 4 шахси ҳалокшударо дар маҳалли таркиш бо чашми худ дидааст. Ба қавли шоҳидон, ҳадафи амалиёт хароб сохтани бинои маъмурияти яке аз ҳабсхонаҳо буд. Яке аз террористон қабл аз таркиш ба сӯи дастаи посбонони ҳабсхона оташ кушодааст. Баъди ин дар назди даромадгоҳи ҳабсхона таркиш ба амал омад. Дар натиҷа якчанд иморат валангор шуд. Кормандони политсия террористи дигари фидоиро дар назди бинои вазорати маориф парронданд. Қувваҳои амниятӣ бинои вазорати адлияро низ иҳота намуданд. Гумон меравад, ки боз як террорист дар дохили бино пинҳон шудааст. Намояндаи ҷунбиши «Толибон» ба хабарнигорон ба воситаи телефон изҳор намуд, ки таркишҳо дар пойтахти Афғонистон давом дода мешаванд. Тарҷумон — Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






