ТАШРИФИ ГУРӮҲИ МУТРИБОНИ АВРУПОӢ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо сафири Австрия дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон Урсула Фарингер мулоқот баргузор гардид. Дар он протоколи ҳамкорӣ дар бораи ташрифи гурӯҳи мутрибон аз Австрия ба пойтахти Тоҷикистон баррасӣ ва имзо карда шуд. Мутрибони австриягӣ охири моҳи апрел ба Душанбе омада, консерт намоиш медиҳанд, барои донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ машғулиятҳо гузаронида, лексияҳо мехонанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо Консерваторияи мусиқии Австрия ва таъсиси Академияи байналхалқии мусиқии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуданд. Тарҷумон — Қудратов А








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






