ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЯМАН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ 26 феврал барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ зимни сафар бо роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни мулоқотҳо асосан масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта ба Ҷумҳурии Яман сафари расмӣ анҷом дода буд. Ин сафари нахустини Сардори давлати Тоҷикистон ба ин мамлакати қадима буд. Дар ҷараёни сафар масъалаҳои ба роҳ андохтани ҳамкории ҳар ду мамлакат ва тақвияти муносибатҳои онҳо муҳокима шуданд. Ҳамон вақт сарони ҳар ду давлат паймон карда буданд, ки ҳамкории духтурони тоҷик ва муассисаҳои тиббии Яман бояд мустақиман бе иштироки миёнаравҳо ба роҳ монда шавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ паймон карда буданд, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Санъо консулхонаи ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шавад. Роҳбари Яман дар робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад дастури дахлдор хоҳад дод. Дар фарҷоми гуфтушунид чор ҳуҷҷати ҳамкорӣ — Созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Яман дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои маорифи ҳар ду кишвар ва меморандуми ҳусни тафоҳуми машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат имзо шуданд. Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон Алӣ Абдулло Солеҳро даъват карда буд, ки ба Тоҷикистон расман ташриф орад. Тарҷумон — Қудратов А








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






