ТАЪСИСИ МИНТАҚАҲОИ НАВИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ барномаи «Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» — ро барои муҳокима ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, ки бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Ҳадафи барнома тезонидани ҷараёни ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад, ки дар ин бора Ҳукумати мамлакат 5 марти соли 2008 қарор қабул карда буд. Айни ҳол тадбирҳои марбут ба ташкили минтақаҳои нави озоди иқтисодӣ давом доранд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ишкошим ва Данғара ба мӯҳлати 25 сол ташкил карда мешаванд. Фаъолияти онҳо барои тезонидани рушди иқтисодиёти мамлакат, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияҳои пешқадам ва омӯзиши таҷрибаи тиҷорат, бо кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ шароит муҳайё месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






