ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ БА МУРҒОБ ҲАМ ОМАД

Февраль 11, 2009 15:27

                 Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Ҷамъияти саҳҳомии «Таком», ки таҳти сарпарастии ширкати алоқаи «Билайн» дар қаламрави Тоҷикистон ба мизоҷон дар соҳаи таъмини алоқаи телефонӣ хизмат мерасонад, дар ноҳияи Мурғоб бунгоҳи алоқаи телефонии мобилиро насб намуд. Акнун сокинони ноҳия имконият пайдо карданд, ки бо минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва ҷаҳон бе ягон мамониат гуфтугӯ кунанд.                Директори техникии Ҷамъияти саҳҳомии «Таком» Андрей Адоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ноҳияи Мурғоб дар минтақаи серзилзила воқеъ аст, бинобар ин сокинони он ба алоқаи фаврии телефонӣ эҳтиёҷи калон доранд. Бо вуҷуди дурии роҳ ва душворгузар будани он техникаю таҷҳизот ва генератори дизелӣ сари вақт ба маҳалли насби онҳо оварда шуд ва мутахассисони ҷамъияти саҳҳомӣ онҳоро дар муддати кӯтоҳ насб намуданд, гуфт А.Адоев.  

Февраль 11, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад