ТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИНОСОЗОНИ БЕЛГРАД ШИРКАТ МЕВАРЗАД

Февраль 7, 2009 10:57

                   Душанбе, 7 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Аз 27 феврал то 1 марти соли равон дар шаҳри Белград дар доираи ҷашнвораи байналхалқии 37 — уми филмҳо мулоқоти чоруми киносозон баргузор мегардад. Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур бори аввал иштирок менамояд. Дар мулоқот намоишномаи филми драмнависи тоҷик Сафар Ҳақдодов «Шабаҳи Ибни Лодан ё саёҳат дар ватан» ба муҳокимаи мутахассисони соҳаи кино пешниҳод карда мешавад. Намоишномаи мазкурро коргардон Носир Саидов муаррифӣ хоҳад кард.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқоти мазкур аз 20 мамлакат 12 намоишномаи филмҳои гуногунжанр муҳокима карда мешаванд.                   Мулоқоти мазкур ба коргардонон, продюсерҳо, сармоягузорон, сарпарастон ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва студияҳои кино имкон медиҳад, ки дар як ҷо ҷамъ омада, бо таҷрибаи ҳамдигар шинос шаванд, филмномаҳои ҳамдигарро муҳокима кунанд ва барои ба навор гирифтани онҳо маблағ ба даст оранд.                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 7, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад