ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИТОБ ДАР БЕЛОРУСИЯ ШИРКАТ МЕВАРЗА

Февраль 11, 2009 11:00

                 Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз дар пойтахти Белорусия — шаҳри Минск ярмарка ва намоишгоҳи байналхалқии 16 — уми «Китобҳои Белорусия — 2009» кушода мешавад. Сардори раёсати нашриёту полиграфияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзобадал Бадалов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бештар аз 150 номгӯӣ китобҳои дар давоми соли 2008 чопкардаи нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», «Адиб» ва ғайра пешкаши тамошобинон гардонда мешаванд. Инчунин дар ҷараёни фаъолияти намоишгоҳ маросими муаррифии баёзи чорҷилдаи «Намунаи асарҳои нависандагону шоирони Белорусия» ба забони тоҷикӣ баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ асарҳои адибони тоҷик низ пешкаши тамошобинон гардонда мешавад, ки ба забони белорусӣ тарҷума шудаанд.

Февраль 11, 2009 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа