ТОҶИКИСТОН ДАР СУРЪАТИ АФЗОИШИ МАБЛАҒГУЗОРӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ ИДМ ПЕШСАФ АСТ

Февраль 12, 2009 14:37

                           Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ соли дуввум аст, ки миёни кишварҳои ИДМ пешсаф боқӣ мемонад. Бино ба иттилои Кумитаи омори ИДМ дар соли 2008 ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 60 фоиз афзуд. Тамойили чунин афзоиш ба сохтмони иншооти гидроэнергеткӣ дар ҷумҳурӣ марбут дониста мешавад.                          Мавриди ёдоварист, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 540 миллион сомонӣ буда, 315 миллион сомонии он қарзҳои бебозгашт мебошанд.                          Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳавмралиев мӯътақид бар он аст, ки аз рӯи нишондодҳои шартномаҳо бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо соли ҷорӣ ҷалби сармояи мустақим ду маротиба афзуда, ҳавасмандии ширкатҳои хориҷӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ низ вусъат дода хоҳад шуд.  

Февраль 12, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад