«ТОҶИКСТАНДАРТ» 2009: — «СОЛИ БА ТАРТИБ ДАРОВАРДАНИ БОЗОРҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ»
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-ро «Соли ба тартиб даровардани бозорҳои истеъмолӣ» эълон кардааст. Бо ин мақсад, аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» вазъи бозорҳои ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вобастабуда омӯхта шуда, дар якҷоягӣ бо роҳбарону мутахассисони «Тоҷикматлубот», «Тоҷикстандарт» ва роҳбарони бозорҳо маҷлиси кории муштарак баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов тазаккур дод, ки имрӯз авзои бозори истеъмолии мамлакат аз нигоҳи сифат ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Дар ҷумҳурӣ Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назоратчӣ кафили нигаҳдории сифати маҳсулот дар дохили кишвар вазифадор аст. Аз тарафи ин мақомот ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ ҳамасола корҳои муаяне анҷом дода мешавад. Танҳо дар соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳо 20 озмоишгоҳи ташхисӣ муҷаҳҳаз карда шуд, ки ин ҳоло ҳам нокофист. Зеро, дар ҷумҳурӣ самти тиҷорат рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст. «Бояд дар бозорҳои ҷумҳурӣ тартиботи лозима ҷорӣ карда шавад. Албатта яку якбора дар 320 бозоре, ки мавҷуд аст, сохтмони озмоишгоҳҳо кори саҳл нест. Вале, ба қадри имкон бояд кӯшид, ки тавассути ба вуҷуд овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳимояи бозори истеъмолиро низ ба назар гирифт», — гуфт Д. Ҳотамов. Бояд гуфт, ки Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифт, ки соли ҷорӣ дар шаш бозори ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисӣ таъсис дода, ба ихтиёри Иттифоқи «Тоҷикматлубот» гузорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






