«ТОҶИКТЕЛЕКОМ» МУШТАРИЁНАШРО АЗ ДАСТ ДОД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком» то 1-уми январ соли 2009-ум шумораи муштариёни телефонӣ дар системаи мазкур ба 306,1 ҳазор нафар расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,8 ҳазор ва нисбат ба муштариёни телефонҳои сайёр 4 маротиба камтар мебошад. Аз шумораи умумии муштариёни телефони 270,6 ҳазор воҳид ё баробари 106,7 фоизи онро нисбат ба соли гузашта дастгоҳҳои телефони хонагӣ ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 495,6 ҳазор нафар муштарӣ ва шумораи муштариёни алоқаи сайёр (мобилӣ) ба 3 миллиону 346 ҳазору 400 нафар расидааст. Чунин ранг гирифтани корро коршиносон дар зиёд шудани нархи хизматрасонии телефонҳои асосӣ- телефонҳои хизматрасонии шаҳрӣ ва ноҳиявию байналмилалӣ медонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






