«ТОЛИБОН» МАВҚЕИ ХУДРО ДАР АФҒОНИСТОН ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД
Кобул, 4 феврал. АМИТ «Ховар» — Интерфакс). — Фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи ҷунбиши «Толибон» дар Афғонистон, хусусан дар минтақаҳои ҷанубии он торафт авҷ мегирад ва ҷузъу томҳои низомии эътилофӣ дар мубориза ба муқобили онҳо торафт бештар бо душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Шумораи хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои эътилофӣ ба муқобили «Толибон» камӣ мекунад. «Толибон» аз ҷиҳати қувваи зинда ва техника нисбат ба нерӯҳои эътилофӣ ва артиши ҳукуматӣ бартарӣ доранд, гуфта мешавад дар маърӯзаи Пентагон, ки ба сенати ИМА пешниҳод карда шуд. Дар маърӯза зикр карда мешавад, ки амалиёти «Толибон» соли 2008 дар қисмати зиёди мамлакат хеле авҷ гирифт ва то дараҷаи амалиёти онҳо дар соли 2001 расид. Ба қавли намояндагони Пентагон, дар қисмати ҷанубии мамлакат таъмини амният бо сабаби кам будани қувваю техникаи ҳарбӣ ғайриимкон мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






