УСУЛҲОИ ТАБОБАТИ ВИЧ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 5 то 7 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои омӯзгорони тибби оилавӣ бо дастгирии техникии Лоиҳаи Потенциал/ЮСАИД дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи «Сирояти ВИЧ/СПИД, ташхис, пешгирӣ ва табобат дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ» гузаронида мешавад. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинар намояндагони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва Ассотсиатсияи тибби оилавӣ иштирок менамоянд. Иштирокчиёни семинар таърих, эпидемиологияи ВИЧ, давраи ҳаёти вирус ва усулҳои табобати ВИЧ-ро муҳокима хоҳанд кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






