ВАҚТЕ КИ МУТАХАССИС БАҲО МЕДИҲАД
Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти собиқ сардори шӯъбаи сиёсии Вазорати умури дохила генерал-майори милиса Абдулло Ҳабибов, таъини вазири нави умури дохила генерал-летинант Абдураҳим Қаҳҳоров, оғози муборизаи беамон алайҳи фасоду ришвахӯрӣ ва шикасти камари коррупсия дар кишвар мебошад. Ба ақидаи ҳамкасби собиқ Абдулло Ҳабибов, агар ба вазири тозаинтихоб имкони мустақилона пиёда сохтани тагйироти кадрӣ дода шавад, сафҳои милитсия аз одамони тасодуфӣ тоза шуда, Вазорат дар кори оромии вазъи кишвар ва мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва иҷрои ҳамагуна вазифаю ваколатҳои бар ӯҳда доштааш бо сарбаландӣ мебарояд. Коршиносон ва кормандони соҳаи ҳуқуқ низ бар ҳамин назаранд, ки фаъолияти вазорати мазкур билкулл тағйир хоҳад ёфт. Ҳар гунна тағйирот, ки боиси оромии ҷомеа бошад, онро нафақат коршиносон, балки тамоми мардум ҷонибдор ва дасгирӣ хоҳанд кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






