ВАКИЛОН БА МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД
Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Тавре аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Шӯро як қатор масъалаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар,таъмини манфиату баробарҳуқуқии шаҳрвандон муосидат менамоянд, баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» дар қироати дуюм, «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи захираи давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, аъзои Шӯро Созишнома оид ба имтиёз ва масуниятҳои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва масъалаи баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008- ро муҳокима карданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






