ВАЗЪИЯТИ РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МӮЪТАДИЛ АСТ
Қӯрғонтеппа, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Шаби 3 феврал дар тамоми ҳудуди вилояти Хатлон барфи зиёд борид. Бинобар ин коргарону мутахассисони идораи бозрасии давлатии автомобил, муассисаҳои ҳифзу муроқибати роҳҳо ва мақомоти вазъияти фавқулоддаи вилоят барои пешгирии ҳар гуна фалокати имконпазир ба ҳолати омодабош оварда шуданд. Муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят Миралӣ Ҳалимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда бар асари бориши барфи зиёд дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят ягон ҳодисаи нохуш рух надод. Айни ҳол рафту омади тамоми воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо мӯътадил давом дорад, гуфт М.Ҳалимов.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






