ЯТИМОН ЁДИ МОДАР МЕКУНАНД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар мактаб-интернати ятимони ноҳияи Фирдавсӣ беш аз 150 нафар ба тарбия фаро гирифта шудааст. Тифлони мактаб-интернати ятимон 15 нафарӣ дар 10 гурӯҳ зери тарбияи мураббиён қарор доранд. Дар интернат бачагон аз синни 4 то 8 солагӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, сипас ҷиҳати идомаи таълим ба мактаб- интернатҳои махсус фиристода мешаванд. Як қисми тарбиягирандагон норасоии рӯҳӣ ва нутқи инкишофнаёфта доранд, ки ба онҳо дефектологҳо ва логопедҳо машғулиятҳои алоҳида мегузаронанд. Аксари ятимони ноқисулақл соҳиби нутқи бурро гардидаанд, ки хизмати мутахассисон-дефектолог ва логопедҳо мебошад. Бачагоне, ки чун ятим тарбия меёбанд ва аз падару модар бо сабабҳои гуногун ҷудо шудаанд, бо ҳар шахси ба мактаб воридшуда, бо нигоҳи маҳзунона нигариста дар симои он падару модари худро меҷӯянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






