ЗАНҲО НИЗ БА МУҲОҶИРАТ МЕРАВАНД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз шумораи аниқи занони дар муҳоҷирати меҳнатии ба Федератсияи Россия рафтаро дар даст надорам,- мегӯяд раиси шӯъбаи кор бо занони ноҳияи Темурмалик Садбарг Ҳакимова, аммо тибқи омори расмии ноҳия танҳо соли ҷорӣ шумораи занону духтарони аз ноҳия барои пайдо кардани кор ба Федератсияи Россия рафта аз 20 нафар зиёд аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 5 маротиба бештар аст. -Гумон намекунам,- мегӯяд Садбарг Ҳакимова, ки муҳоҷири меҳнатӣ шуда ба Федератсияи Россия рафтан аз рӯи ҳавою ҳавас бошад. Аҳолии ноҳияи Темурмалик бо суръат афзоиш дорад, аммо ҷойҳои корӣ барои заноне, ки як вақтҳо то 500 нафар дар филиали дӯзандагии «Гулистон» кору фаъолият доштанд, вуҷуд надорад. Аз ин рӯ занон баробарҳуқуқиашонро бо мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дида, ба хориҷи кишвар ба кор мераванд. Шумораи занони дар 3 соли охир ба муҳоҷират рафта аз 100 нафар зиёд аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






