ЗАНОН ХОСТОРИ БЕҲБУДИИ ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ МЕБОШАНД

Февраль 20, 2009 11:30

                   Душанбе 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«аз 63 вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 11 нафараш занон мебошанд, ки 17, 5 фоизи шумораи вакилони мардумиро дар ин мақомоти қонунбарор ташкил медиҳад». Гуфт зимни суханронияш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Шуҷоат Ҳасанова дар мулоқоти вакилони палатаи поёнии парлумон бо занони фаъоли ноҳияҳои Панҷ, Балҷувон, Кӯлоб, Даштиҷум, Кӯҳистони Масчоҳ, Ҷилликӯл ва Сарбанд.                   Ш. Ҳасанова дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа сухан карда, таъкид дошт, ки тӯли солҳои охир Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Яке аз онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки тибқи он сафи занони роҳбарикунанда дар вазорату идораҳои кишвар афзоиш ёфт.                    Тамоми ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки занон дар идораи умури давлатӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занон, баланд бардоштани маърифату маънавиёти занон нигаронида шудааст.                    Намояндагони фаъоли занон зимни пешниҳоди саволҳои худ, ҳамзамон дар бораи мушкилоти занони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ҳифзу ҳимояи онҳо аз тарафи парлумони касбии мамлакат, имконоти таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ ва сохтмони таваллудхонаҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ибрози назар намуданд.Дар фарҷоми мулоқот занони фаъоли ноҳияҳо бо сохтори фаъолияти Маҷлиси намояндагон шинос шуданд.

Февраль 20, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид