ЗИЁДШАВИИ МАБЛАҒ БА КАДОМ ХОТИР?

Февраль 4, 2009 11:10

                 Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 аз буҷаи ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ 396 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 52,7 фоиз зиёд аст. Дар баробари маблағгузории давлатӣ барои пешрафти соҳа, аз ҷумла барои беҳбуди шароити беморхонаю дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, гузаштан ба усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ, маблағҳои қарзӣ ва грантҳо низ истифода мешаванд.                Ҳоло дар доираи татбиқи 30 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 400 миллион сомонӣ мебошад, шароити муассисаҳои тиббӣ ба эътидол оварда мешавад.                Ҳама ин чорабиниҳои беҳдошти соҳа, тарзи хизматрасонии тиббиро барои мардум ба ҷойи беҳ шудан ба ҳолати ногуворе овардааст, ки заҳматкашони оддӣ бо сабаби қимматии нархи хизматрасонии тиббӣ муроҷиат ба соҳирону ҷодугарон ва фолбинонро авлотар мешуморанд.

Февраль 4, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад