ҒИЗОДИҲИИ ҒАЛЛАИ ТИРАМОҲӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ

Март 9, 2009 11:02

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон ки аз маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ маълум гардид, то 2-юми марти соли 2009 аз майдони 52 ҳазору 73 гектар ҳамагӣ 24 фоизи заминҳои кишти тирамоҳӣ як маротиба бо ғизо таъмин карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2008 дар масоҳати 52 ҳазору 73 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз ин 13 ҳазору 888 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.Ғизодиҳии ғаллазор дар вилояти Суғд аз майдони 15 ҳазору 227 гектар 29,9 фоизи он, вилояти Хатлон аз 26 ҳазору 437 гектар 22,2 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз майдони 10 ҳазору 409 гектар 23,2 фоизи онро як маротиба бо ғизо таъмин кардаанд, ки ин хеле кам аст. Агар вазъияти ғизодиҳии ғаллазор то охири моҳи март тағйир дода нашавад, ҳосилнокӣ дар соли ҷорӣ аз соли 2008 камтар хоҳад шуд.

Март 9, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид