ҚӮРҒОНТЕППА БО ҚУВВАИ БАРҚ ТАЪМИН ШУД

Март 17, 2009 11:22

                  Қӯрғонтеппа, 17 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб бекор карда шуд. Роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои барқии ҷанубии ҷумҳурӣ» Маҳмад Самадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳрҳои мазкур шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.     Инчунин, ба бисёр шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ду соат пагоҳӣ ва се соат бегоҳӣ қувваи барқ дода мешавад.                   Ба қавли М.Самадов, таъминоти корхонаю муассисаҳо низ бо қувваи барқ хеле беҳтар гардид. Акнун ба корхонаю муассисаҳое, ки аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ қарздор нестанд, қувваи барқ бемаҳдудият дода мешавад, гуфт М.Самадов.  

Март 17, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст