ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 30 март. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Суди олии Афғонистон дар бораи дароз кардани мӯҳлати ваколатҳои президенти ҳозираи мамлакат Ҳамид Карзай то интихоботи президенти оянда қарор қабул намуд. Телевизиони Афғонистон бо истинод ба қарори Суди олӣ хабар дод, ки суд тарафдори дароз кардани мӯҳлати ваколати президент ва ноиби он то ҷамъбасти интихоботи президенти оянда ва ба ҳукумати нав супоридани ҳокимият мебошад. Мувофиқи Қонуни асосии Афғонистон, мӯҳлати ваколатҳои президентии Ҳамид Карзай 21 май ба охир мерасад. Тибқи қарори қабулшуда, интихоботи президенти нави Афғонистон 20 август баргузор мегардад. Вале қувваҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон чунин мешуморанд, ки то интихоботи президент дар мамлакат бояд ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шавад. Онҳо дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати ваколати президент изҳори норизоӣ намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






