ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ БОҚӢ МОНД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маблағи умумии қаздорӣ аз пардохти музди кор то охири моҳи январи соли 2009 -ум ба 23 млн. 176, 3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар моҳи январи соли 2009 3116,2 ҳазор сомонӣ ё 13,4 фоизи маблағи умумии қаздориро ташкил дод. Охири моҳи январи соли 2009 нисбат ба маълумоти охири декабри соли 2008 қарздорӣ ба маблағи 2 млн. 233,9 ҳазор сомонӣ ё 10,7 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии қарздорӣ аз пардохти музди кор қариб дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар соҳаҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, геология ва хадамоти обуҳавосанҷӣ қарздорӣ мутаносибан 40, 4 ва 2,2 фоиз кам шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






