ҚОҲИР РАСУЛЗОДА МАРДУМРО БА ТЕАТР ҶАЛБ МЕКУНАД

Март 6, 2009 15:06

                  Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 март дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят Суғд нахустнамоиши спектакли «Бозгашти айём», ки аз рўи асари нависанда-драматург Абдуҳофиз Қодиров аз ҷониби ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев омода гардида буд, манзури тамошобинон гардид.                  Дар намоишномаи мазкур то ҳол идома доштани ҳодисаҳои номатлуби маблағҷамъкунӣ дар мактабҳо, бо забони модарӣ хуб гуфтугў карда натавонистани баъзе омўзгорон, ба тарбияи фарзанди худ кам эътибор додани падару модарон маззамат мешавад.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар нахустнамоиши ин асари саҳнавӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамроҳи муовинонаш иштирок намуд.                  Дар поёни намошинома Қоҳир Расулзода ҳунармандону ҳайати эҷодии Театри мазкурро бо комёбии нави эҷодӣ табрик намуда, тазаккур дод, ки иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар намоишномаи мазкур ба ин хотир аст, ки ҳунармандону кормандони театр бояд рўҳан дастгирӣ шаванд. «Мо ин таҷрибаро минбаъд низ идома дода, аз ин пас ҳаддалимкон ҳар се моҳ маротибае дастҷамъона ба театр меоем ва аз намоишномаҳои омодашуда баҳравар мегардем»-гуфт сарвари вилоят.                   Қоҳир Расулзода ваъда кард, ки пас аз анҷоми тантанаҳои Рўзи байналхалқии занон директори театрро ба ҳузур пазируфта, мушкилоти мавҷудаи кормандони театрро баррасӣ менамояд. «Ҳоло ба масъулин супориш додам, ки таъмири беруни бинои театрро оғоз кунанд»-илова намуд раиси вилоят.  

Март 6, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд