ҚОЧОҚБАР ДАСТГИР ШУД
Бадахшон, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Мубориза алайҳи маводи мухаддир дар ВМКБ хеле пурзӯр шудааст. Дар ин боб ба вижа фаъолияти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон калон аст. Тавре садри Раёсати номбурда Муродҳусейн Алиёров иттилоъ дод, соати 21- 30 дақиқа рӯзи 17-уми моҳи март дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ автомобили тамғаи ВАЗ-21-07 бо рақами давлатии АТ 48-70-01 РТ боздошта шуд. Дар вақти кофтукови автомашина, ки ба шаҳрванди ҷумҳурӣ Камол Суфиев- истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ тааллуқ дошт, 2 кг 450 гр. ҳероин ёфт карда шуд. Аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






