ҚОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД

Март 14, 2009 12:08

             Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 13 марти соли 2009 кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе буда, ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хати сайри № 627 самти Душанбе-Москав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи кӯчаи Курганская 7, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Зоиршо Эшоновро, ки соли таваллудаш 1983 мебошад дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавасcути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, боздошт намуданд.               Кормандони гумрук аз пинҳонгоҳи сумкаҳои З.Эшонов ду бастаи дуқабатаи пластмасиро пайдо карданд, ки дар дохили онҳо маводи хокамонанди рангаш сафедмонанд ба героин, дарёфт ва мусодира намуданд. Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки хокаи сафеди дарёфткардашуда, героин буда, вазни холиси он 2 килограмму 528 грамро ташкил дод.               Доир ба ҳодисаи мазкур нисбати З.Эшонов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҷумҳурӣ фиристонида шуд.              Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Март 14, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид