ҚОНУН АМАЛӢ МЕШАВАД
Истаравшан, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Шаҳристон бо муваффақият татбиқ мегардад. Соли гузашта дар қаламрави ноҳия 700 маъракаҳои гуногун доир гардида дар онҳо 394 сар моли майда забҳ карда шудааст. Маблағи сарфгардида дар ин чорабиниҳо ҳамагӣ 2 105 450 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраҳои пешина ду баробар кам аст, — мегӯяд муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Р. Раҳмонбердиев. Баъзан ҳодисоти аз ҷониби ашхоси алоҳида риоя нагардидани қонун низ ба чашм мерасад. Масалан , тавассути суди ноҳия мазкур сокини деҳаи Қайерма бо сабаби вайрон кардани қоидаи хатнасур ба маблағи 2 500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






