ҚОНУНИ НАВИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ҚАБУЛ ШУД
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 март Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро қабул кард. Масъалаи мазкурро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ тавзеҳ дода гуфт, ки қабули қонуни нав дар шароити кунунӣ зарурати ҳаётӣ ва тақозои давру замон аст. Он татбиқи сиёсати ягонаи давлатро дар бахши озодии виҷдон, эътиқодӣ динӣ, муҳаё сохтани фазои озодии виҷдон ва эътиқод, аз ҷумла андешаи диниро таъмин менамояд. Таҳияи қонуни мазкур ду сол қабл оғоз гардида, он бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар муҳокима шуд. Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур ҳанӯз 18 сол муқаддам, аниқтараш 8 декабри соли 1990 қабул гардида буд. Аз ин рӯ, дар ин муддат дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, хусусан дар фазои андешаи динии кишвар.Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гардид. Қонуни мазкур аз 8 боб ва 36 модда иборат буда, давлати дунявӣ будани Тоҷикистонро инъикос менамояд. Моддаи чори қонун тартиби бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ ва моддаи 11 бошад ташкили масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро дар бар мегирад. Алҳол, дар ҷумҳурӣ 259 масҷиди ҷомеъ, 2983 масҷидҳои панҷвақта ва 18 ташкилоти динӣ фаъолият менамояд, ки аз озодии виҷдон ва фаъолияти густурдаи иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






