ҚУВВАИ БАРҚИ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Қувваи барқи Туркманистон аз 27 феврал сар карда, боз ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ин дар натиҷаи имзои протоколи маҷлиси дуюми комиссияи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон имконпазир гардид, ки 18 феврал дар Душанбе гузаронида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷониби Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуд, ки барои ҳар чӣ зудтар тармим кардани бунгоҳи иловагии интиқоли қувваи барқи Қарокӯл тадбирҳои зарурӣ меандешад. Қувваи барқи Туркманистон ба воситаи ҳамин бунгоҳ ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






