ҲАЙАТИ ШАБАКАИ АВВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Март 18, 2009 15:13

                   Душанбе, 18 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Рӯзҳои наздик директори генералии озмуни ҳунарии «Панҷ ситораи интервизион» Н.Смариго, директори барномаҳои мусиқии шабакаи мазкур Ю.Оқсюта ва раиси Бунёди байналхалқии ҳамкории башардӯстона Ҷ.Полиев барои муҳокимаи масъалаҳои ташкилу гузаронидани озмуни байналхалқии мазкур ба Душанбе меоянд. Онҳо дар давоми чор рӯзи сафар бо роҳбарияти вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон шартҳои гузаронидани озмунро муҳокима ва мувофиқа менамоянд. Дар ҷараёни мулоқотҳо рӯзи гузаронидани озмун, ороиши саҳнаҳо, ҷои гузаронидани озмун, барнома ва ҳайати овозхонон муайян карда мешаванд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои техникии гузаронидани озмунро ҷониби Русия ба зимма гирифтааст.

Март 18, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид