ҲАМКОРИИ СААД ВА СОЗМОНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУҲОҶИРАТ ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Март 25, 2009 11:56

                     Маскав, 25 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар шаҳри Маскав мулоқоти Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Лейси Свинг баргузор гардид. Онҳо зимни сӯҳбат изҳор доштанд, ки ҳамкории ҳар ду созмон барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда бомуваффақияту самарабахш густариш меёбад. Миёни ҳар ду созмон аз моҳи июли соли 2008 бо имзои протоколи ҳамкорӣ оғоз ёфта буд.                      Н.Бордюжа зикр кард, ки Созмони байналхалқии муҳоҷират аз проблемаҳои мавҷудаи ин соҳа ба хубӣ огоҳ мебошад, СААД барои ҳалли ин проблемаҳо имкониятҳои хуби амалӣ дорад. Дар СААД умедворанд, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират барои ба роҳ андохтани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.  Ҳадафи ин иқдом таҳти назорат гирифтани тамоми роҳу воситаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. Директори генералии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар бораи фолияти созмон маълумолт дода, зикр намуд, ки бо мақсади беҳтар сохтани ҳамкории ҳар ду созмон ба ҳамаи давлатҳои аъзои онҳо сафар хоҳад кард.  

Март 25, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд