ҲАВОПАЙМОҲО АЗ ҚӮРҒОНТЕППА БА МАСКАВ ПАРВОЗ МЕКУНАНД

Март 3, 2009 09:40

                  Қӯрғонтеппа, 3 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Ҳавопаймоҳои мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ аз маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа ба маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд парвоз мекунанд. Директори генералии майдони ҳавоии байналхалқии Қӯрғонтеппа Михаил Леонов зикр намуд, ки арзиши чиптаи ҳавопаймо аз Қӯрғонтеппа то Хуҷанд 65 доллари ИМА мебошад. Ҳавопаймоҳо дар байни ин шаҳрҳо ҳар ҳафта як маротиба, рӯзи сешанбе парвоз мекунанд. Бори охирин ҳавопаймои мусофирбар аз Қӯрғонтеппа ба Хуҷанд яку ним сол пеш парвоз карда буд.                  Михаил Леонов хабар дод, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз Қӯрғонтеппа ба Маскав барқарор карда хоҳад шуд.

Март 3, 2009 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар