ҲАВОПАЙМОҲО АЗ ҚӮРҒОНТЕППА БА ШАҲРҲОИ ГУНОГУНИ РУСИЯ

Март 18, 2009 15:39

                 Қӯрғонтеппа, 18 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). — Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз маркази вилояти Хатлон ба пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Маскав рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз оғоз меёбад. Директори генералии майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа Михаил Леонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз маркази вилоят ба Маскав то охири моҳи март 4 ҳавопаймо парвоз мекунад. Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо баъдан дар давоми ҳафта меафзояд.                   Мо бо назардошти афзоиши теъдоди мусофирон парвози ҳавопаймоҳоро бештар карда метавонем, гуфт Леонов. Ояндаи наздик парвози ҳавопаймо аз Қӯрғонтеппа ба шаҳру вилоятҳои дигари Русия, аз ҷумла, Екатеринбург, Челябинск, Самара ва Красноярск ба роҳ монда хоҳад шуд.

Март 18, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд