«ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН»

Март 30, 2009 10:26

                 Душанбе, 30 март, (АМИТ «Ховар», Хайригул Маҳмудова). — Китоби нави устоди сухан ва суханвари шинохтаи тоҷик Назри Яздонӣ «Ҳикмати озодагон» ба дасти хонанда расид. Ин асар ҳадафи мушаххасу пурифтихор дорад — хонандаро бо беҳтарин арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва таърихи бо шеваи бисёр оммафаҳм ошно месозад.                  Сухан аз ормонҳо ва арзишҳои миллии тоҷик аст.                 Матлаби асар, ки шинохти асолати миллӣ аст, ҳамчунин мавриди бозшиносӣ, таҳаввул, табдил ва тағийр қарор гирифт.                 Яке аз рукнҳои мавзӯъ арзишҳои хонаводагӣ мебошад, ки анъанаи муносибати зан ва шавҳар, волидону фарзандон, бобоёну наберагон, гиромидошти ҳуқуқи бародариву хоҳарӣ аст.                 Шинохтан, тарғиб кардан ва дӯст доштани хазинаи маънавии ниёгони бузургу имконсозамон ҳаст, ки моро барои худамон мешиносад ва таъми зиндагии ботинии инсонро пурарзиштарин ҷавҳари ҳастӣ муаррифӣ мекунад.                  Асари тозаи адиб ва шоири шинохта Назри Яздонӣ моро ба кӯи шинохтан ва пазируфтани чунин матлабҳои оливу имонҷӯ чун ду кафи кушодаи муршиди доно ва орифи равшанзамир фотеҳаи маърифатшиносӣ медиҳад. Азбаски дар сухану ақидаи шахсии адиб ҳиммат ва садоқат ташхис карда мешавад, пас бегумон равшанӣ дар чорсуст.  .

Март 30, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад