ҲИКОЯҲОИ ҶАЛОЛИ ОЛИ АҲМАД ДАР ДУШАНБЕ НАШР ШУДАНД
Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз чопхонаи «Пайванд» маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи бузургу муосири эронӣ Ҷалоли Оли Аҳмадро аз чоп баровард. Китоби мазкур бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 1000 адад нашр шудааст. Онро Дилафрӯзи Икромӣ аз форсӣ ба кириллӣ баргардонидааст. Дар ин китоб ҳудуди 20 ҳикояи адиби шинохта гирд овард шудаанд, ки дар онҳо паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ таҷассум ёфтааст. Ашъори нотакрори нависанда, бахусус достону новеллаҳо, мақолаҳо, андешаҳо аз аввали солҳои 60-и саддаи 20 то ҳол дар рушду густариши адабиёти муосири Эрон нақши босазо гузоштааст. Пешгуфтори Сафири Кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ба китоб ҳусни оғоз бахшидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






