ҲИСОБОТИ МАСЪУЛИНИ МИНТАҚАҲО

Март 30, 2009 13:04

                  Субҳи имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдара аз натиҷаи корҳояшон дар семоҳаи аввали соли равон ва рафти иҷрои вазифаҳои минбаъда ҳисобот доданд.                   Таваҷҷӯҳи махсус ба рафти киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, кӯмакрасонӣ ба деҳқонон, вусъат додани корҳои ободонӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва ба пардохти саривақтии маошу нафақа зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба ҷоннок намудани корҳо дар ин ва дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла доир ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" Котиби матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон Абдуфаттох Шарифзода иттилоъ дод

Март 30, 2009 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид