ҲОДИСА ДАР ДАРЁИ ВАРЗОБ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳодисаҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, 21 март соати тақрибан 18 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар 38 километри ноҳияи Варзоб ҳодисаи ногувор рух дод. Автомашинаи тамғаи «Mercedes», бо суръати баланд ҳаракат дошт, ронанда аз ӯҳдаи идоракардании мошин набаромада ба дарёи Варзоб афтид. Мусофире, ки дар мошини зикршуда қарор дошт, наҷот ёфт. Аммо баъди ҷустуҷӯи фаврӣ кормандони КҲФ ва МГ ҷасади ронандаро рӯзи дигар соати 7 саҳар дарёфт карданд. тарҷумаи Жасмин Назарова








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






