Ҳ. ЗАРИФИ 2 КОМПЮТЕР ТӮҲФА КАРД

Март 25, 2009 10:42

                     Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 21 марти соли 2009 дар ҷараёни боздиди худ аз Мазори Шариф Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба литсеи Шайх Муҳаммадсиддиқи Шаҳҳоб ташриф овард.                     Ҳамрохон Зарифӣ бо омӯзгорон ва волидайни толибилмоне, ки дар ин ҷо таълим мегиранд, мулоқот ороста, онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрику муборакбод намуд, ба устодони литсей муваффақиятҳо орзу кард.                      Зимни ин мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба литсей 50 миз ва 2 компютер тӯҳфа кард.  Ҳангоми супурдани тӯҳфаҳо Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки дар давраи нотинҷии Тоҷикистон мардуми  Афғонистон гурезагони тоҷикро сарпаноҳ, обу нон дод ва имрӯз халқи тоҷик имкон пайдо кардааст, ки бародарони худро дастгирӣ кунад.                       Ғайр аз ин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон чун тӯҳфаи наврӯзӣ беш аз ду ҳазор ниҳол бурда буд, ки дар Мазори Шариф шинонда мешаванд.  

Март 25, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд