ҶАСАДИ ДУ ТИФЛИ БЕГУНОҲ

Март 11, 2009 10:19

                    Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тахминан соати 21, рӯзи 7 марти соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар бораи дарёфти ҷасади ду тифли навзод дар кӯчаи Аҳмади Дониш хабар расид.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо роҳбарии сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур полковники милитсия Хушбахт Шарипов ҳозир шуданд. Дар даромадгоҳи истиқоматии №20 /4, ошёнаи якуми кӯчаи Аҳмади Дониш дар қуттии қоғазӣ ҷасадҳои ду тифли навзоди ҷинсашон зан дарёфт карда шуд.                    Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Дилором Сайфова, соли таваллудаш 1973, коргари шароббарории Ҷамъияти саҳомии корхонаи шаҳри Душанбе модари ҷасадҳои дарёфгардида буда, пас аз таваллуд кардан тифлҳоро ба қуттии қоғазӣ андохта ба ҷои зикргардида бурда партофтааст. Ҷасадҳо барои муайян кардани сабаби марг ба беморхона барои ташхис супорида шуданд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишоти он идома дорад.

Март 11, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид