ҶАВОНОН ҲАДАФИ ҶУНБИШУ ҲАРАКАТҲО ҚАРОР МЕГИРАНД

Март 31, 2009 11:52

                    Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои коршинос-директори институти ҷамъиятии «Тамадддун ва ҷавонон»-и вилояти Суғд Абдусамад Султонов, «ҳар як ҳаракату ҷунбишҳои экстремистию радикалӣ, ки дар ҷумҳурӣ паҳн мешавад, бевосита ба ҷавонон такя мекунад» Ба гуфти ҳамин манбаъ, аввалин аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» ҷавонон буданд. Имрӯз ҳам аксари аъзои равияи «Салафия» ҷавонон мебошанд. Ба гуфти коршинос мушкилоти асосие, ки домангири ҷавонон гардидааст, ин бекории онҳост, ки роҳи ҳалли худро пайдо карда наметавонад.                    Панҷ соли охир муҳоҷирати меҳнатиро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки ҷавонон дар хориҷи кишвар барои худ кор ёфта хешу ақрабояшонро бо маблағ таъмин мекунанд, аммо вақти рушди зеҳнии худро аз даст медиҳанд, ки оқибатҳои ногувор дорад.                    Аз ин рӯ зарур аст, ки «сиёсати ҷавонон ба таври объективӣ баррасӣ шавад, то калавиш ба ҳар гуна ҳаракату ҷунбишҳо миёни ҷавонон хотима ёбад»,-мегӯяд Абдусамад Султонов.

Март 31, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид