ҶАЗОИ МАЪМУРӢ БАРОИ ҶАЛБИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БА КОР

Март 28, 2009 09:26

                         Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 1- уми апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нави иҷозатномадиҳӣ ба кор ҷорӣ мегардад.                         Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима барои шахсони воқеӣ аз 30 то 50 ҳади ақали музди меҳнат, барои шахсони мансабдор аз 70 то 100 ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 ҳади ақал ҷазо муқаррар карда шудааст.                         Тартиби нави муқарраргардида ба раванди танзими муҳоҷират, ҳифзи бозори дохилии меҳнат ва назорати қувваи корӣ аз хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.                         Дар солҳои 2007 — 2008 беш аз 92 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ чун мутахассис барои кор вориди Тоҷикистон шуданд. Соли 2008 186 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуданашон берун карда шуданд.

Март 28, 2009 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд