ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ НАВ ДАР ХАТЛОН

Март 4, 2009 08:35

                 Кӯлоб, 4 март (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бахши иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба номи се шоири шинохтаи тоҷик Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин ва Ашӯр Сафар ҷоизаҳои адабӣ таъсис дод, ки ин ҷоизаҳо дар ҷамъбасти соли 2009 ба адибони маҳаллӣ, ки то нимаи ҳамин сол ашъорашон дар шакли китоб ба нашр расида ва он аз ҷониби ҳакамон мавриди писанд қарор гирифта бошад, тақдим мешавад. Ба гуфтаи, намояндаи иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб барои қабули хуҷҷатҳои довталабон алҳол комиссия таъсис ёфтааст.                  Феълан барои дарёфти ҷоизаҳои адабӣ пешниҳоди асарҳои назмӣ, ки таи чаҳор соли охир дар қаламрави вилояти Хатлон нашр шудаанд, шурӯъ шудааст. Барои ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрав ҳукумати вилояти Хатлон 5 ҳазор сомонӣ муайян намуда, ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар маблағи якуним ҳазор сомонӣ арзиш дорад.                 Барои дарёфти ҷоизаҳои адабӣ танҳо шоироне ширкат менамоянд, ки ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд.  

Март 4, 2009 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид