ҶОМИ НАВРӮЗ -2009 НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?

Март 20, 2009 15:31

                  Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни бостонии Наврӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи наврӯзии варзишӣ -гӯштини миллӣ беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.                   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ин маблағҳо барои ба ғолибони мусобиқа харидорӣ намудани тӯҳфаҳо- аз қабили қолину чанггашак, телевизор, маркази мусиқӣ, мавҷгири параболӣ ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.                   Ҷоизаи асосии мусобиқаи варзишии гӯштингирӣ -Ҷоми Наврӯз 2009 буда, арзиши он 1100 сомониро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ рӯзи 22 март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он аз тамоти минтақаҳои ҷумҳурӣ гӯштингирони номӣ даъват шудаанд.  

Март 20, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид