15 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 15 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони мол таҷлил карда шуд. Дар Тоҷикистон таҷлили рӯзи мазкур ба панҷсолагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» рост омад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин муддат дар мамлакат силсилаи ҳуҷҷатҳои қонунию меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Мувофиқи қонун дар ин соҳа муносибати соҳибкорону тоҷирон ва харидорон зимни фурӯши мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ масъалаи асосӣ ба шумор меравад. Умуман, назорати риояи талаботи қонун дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони мол ва назорати фаъолияти реклама ба зиммаи мақомоти давлатии зиддиинҳисоротӣ гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон ин вазифаро вазорати рушди иқтисод ва савдо иҷро менамояд. Яке аз самтҳои фаъолияти он таъмини назорати давлатии поймол сохтани ҳуқуқи истеъмолкунандагон зимни харидани мол ё истифода аз хизматрасонӣ ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки дар вазорат соли 2008 — ум 21 ариза ва муроҷиати шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ин аризаҳо асосан аз шаҳри Душанбе дода шудаанд. Ташкилоту идораҳои дигар, аз ҷумла, ҷамъиятҳои истеъмолкунандагон ҳуқуқи харидорон ва истифодабарандагони молро ҳимоя мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






