АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН 11 МИЛЛИОН МЕШАВАД?

Март 12, 2009 09:55

                Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар гузориши нави Созмони Миллали Муттаҳид оид ба афзоиши аҳолӣ омадааст, ки аҳолии курраи Замин то соли 2012 ба 7 миллиард нафар ва то соли 2050 ба 9 миллиард нафар хоҳад расид. Бино ба маълумоти ин гузориш, аксаран аҳолии кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё ва Африқо афзоиш хоҳанд ёфт.                 Бояд гуфт, нуфуси кишварҳои сераҳолии ҷаҳон дар миёнаи солҳои 2010 то 2050 зиёдтар шуда, дар назар аст, ки аҳолии 45 кишвар ҳадди ақал то 10 фоиз коҳиш ёбад. Аз ҷумла, аҳолии Россия, Ҷопон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва амсоли инҳо кам мегардад. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, то соли 2050 беш аз 11 миллион нафар хоҳад шуд.

Март 12, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа